< Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон

Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон
Гузаргоҳи нави марзӣ бо номи Санҷидзор байни шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва Ӯзбекистон боз шуд

Ба нақл аз сомонаи раёсати вилояти Суғд, ин гузаргоҳ, ки гузаргоҳи нав бо кишвари Ӯзбекистон хоҳад буд бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят ва Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ шуд.

Сохтмони гузаргоҳи марзӣ, ки дорои казарма,  утоқҳои таълимӣ, ошхонаҳо, анборҳои силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебошад, се сол пеш аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд оғоз ёфт.

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки 16 гузаргоҳ дар вилояти Суғд воқеъ шудааст.

Гузаргоҳи Санҷидзор рафтуомади васоили нақлия ва мусофирон миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро осонтар мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий