< Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд
Дурнамои барқарорсозии иртибототи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русияро роҳбарони мақомоти авиатсионии кишварҳо зимни як видеоконфронс баррасӣ карданд

 Барқарорсозии ҳаракати ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро директори Агентии Авиатсияи Граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва роҳбари Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоии Русия Александр Нерадко баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ба иттилои манбаъ, мулоқоти онлайнии намояндагони мақомоти ҳавонавардии ҳарду кишвар имрӯз доир гашт.

Манбаъ мегӯяд, масъалаи асосии музокирот азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар буда, ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

"Мо дурнамои барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон, масъалаи ташкили парвозҳои содиротӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русияу Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи қобилияти ҳавопаймоҳоро баррасӣ кардем",- гуфт Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия.

Гуфта мешавад, ҳоло давлатҳо барои барқарорсозии марҳилаи марҳила аз низоми маҳдудкунии эпидемия ва барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ фаъолона кор мебаранд.

Дар ҷараёни ҷаласа, тартиби додани иҷозатномаҳо барои парвозҳои содиротӣ тасдиқ карда шуда, ғайр аз ин ниҳодҳо барои имзои як созишномаи дуҷониба дар соҳаи парвоз то соли 2021 омодагӣ мегиранд.

Зикр шудааст, ки машваратҳо оид ба барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия идома хоҳанд ёфт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий