< Раҳимзода кист? аз корманди оперативӣ дар Данғара то муҳоҷират ва вазирӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳимзода кист? аз корманди оперативӣ дар Данғара то муҳоҷират ва вазирӣ

Раҳимзода кист? аз корманди оперативӣ дар Данғара то муҳоҷират ва вазирӣ
Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз соли 2012 вазири умури дохилии Тоҷикистон мебошад, 3 ноябр дигарбора ба ин мақом таъйин гардид

 Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳолномаи Рамазон Раҳимзодаро нашр кардааст, ки бар асоси он, ӯ 25 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Манбаъ афзуд, ки Раҳимзода инчунин соли 1995 Мактаби олии Тошканди ВКД ИРСС-ро  хатм карда, ихтисосаш ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Рутбааш генерал-полковники милитсия буда, аз забонҳои хориҷӣ – русиро медонад.

“Соли 1998 “Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон”, соли 1999 “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II-ро гирифтааст”, - омадааст дар ҳолнома.

Дар мавриди собиқаи кории Рамазон Раҳимзода дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод:
  • Солҳои 1977-1982 Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
  • Солҳои 1983-1989 Инспектор, ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони шӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Ленинград
  • Солҳои 1989-1992 Сардор, ваколатдори фаврии калон, сардори зершӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Данғара
  • 03-07 соли 1992 Ҷонишини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД-и вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 1992-1994 Ҷонишини сардор, сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Данғара
  • Солҳои 1994-1995 Сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ховалинг
  • 03-05 соли 1995 Сардори ШКД-и шаҳри Норак
  • Солҳои 1995-2001 Муовини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2001-2004 Намояндаи ваколатдори ҶТ дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2004-2005 Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2005-2007 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2008 Сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати корхои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 
  • Солҳои 2008-2009 Мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2012 Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2012 ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин гардида, 3 ноябр дигарбора ба ин мақом соҳиб шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий