< Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба gрезиденти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон изҳори ҳамдардӣ кардаааст

 Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳори таслият кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андўҳи амиқи ӯ гардидааст.

"Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслияти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 30 октябр дар Туркия заминларзаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки харобиҳои зиёде дар пай дошт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий