Тоҷикистону Қирғизистон вазъият дар марзро баррасӣ карданд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндаи Қирғизистонро қабул карданд, то масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кунанд
Рӯзи 26 октябр, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жаниш Рустанбеков бо муовини вазири хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ Қирғизистон.
Дар ин мулоқот намояндаи Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро бо вазъи сиёсии кунунии кишвар ошно кард.
"Сафир таъкид кард, ки Қирғизистон ба тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва иҷрои қатъии ҳамаи шартномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қаблан имзошуда, содиқ мемонад", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин вохӯрӣ Ҳусейнзода ва Рустанбеков ба масъалаи демаркатсияи марз диққати махсус зоҳир кардаанд.
Ҳамчунин тарафҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Комментарии (0)