64 кас шифо ёфтанду 41 нафари дигар мариз шуданд: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 нафар мубталои коронавирус шуда, 64 нафари дигар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 10455 нафар баробар гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 64 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9457 нафар баробар гардид.
Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон 80 нафар аз коронавирус ҷон бохтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Комментарии (0)