Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон 10414 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 16 октябр ба 10414 нафар расид.
"То имрӯз дар мамлакат 9393 нафар ё худ 90,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 76 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Комментарии (0)