< Ба Тоҷикистон таъсире надорад: шарҳи мақомот аз мамнуъ шудани содироти гази Қазоқистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба Тоҷикистон таъсире надорад: шарҳи мақомот аз мамнуъ шудани содироти гази Қазоқистон

Ба Тоҷикистон таъсире надорад: шарҳи мақомот аз мамнуъ шудани содироти гази Қазоқистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки мамнуъ шудани содироти гази мойеъ тавассути мошинҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержии Қазоқистон, Тоҷикистон 90 дарсад аз гази мойеъи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки солҳои қабл ин навъи сӯхт тавассути танкерҳои ҳамли сӯхт аз қаламрави Қирғизистон мунтақил мешуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бояд қайд кард, ки Қазоқистон ахиран эълон кардааст, ки содироти гази мойеъ аз ин кишвар ба хориҷ тавассути автомобилҳоро мамнуъ  кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бахши умдаи гази мойеъи Қазоқистон тавассути вагонҳо мунтақил мешавад ва мамнуияти содироти ин навъи сӯхт бо истифода аз автомобилҳо таъсире бар ин кишвар нахоҳад дошт.
Дар Тоҷикистон наздик ба 70 дарсад аз васоили ҳамлу нақли умумӣ ва шахсӣ ба далели арзон будани гази мойеъ аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.

Бар асоси гузориши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шаш моҳи имсол 227 ҳазору 178 тон гази мойеъ ба ин кишвар ворид карда шудааст, ки қимати ҳар тони он 391 доллар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий