< "Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард" - ВКД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард" - ВКД

"Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард" - ВКД
Зан аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохила боздошт шуда, нисбати вай бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард, гузориш медиҳад, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, қазия рӯзона 16 сентябр дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.Гуфта мешавад, зани боздоштшуда 42-сола аст. Аммо синну соли падари шавҳари ин зан дақиқ карда намешавад.

Ҳарчанд ҳодиса ҳафтае пеш рух дода бошад ҳам, ВКд дар бораи дар пайи чораҷӯиҳои бозҷӯӣ дастгир шудани зан имрӯз, 22 сентябр гузориш додааст.

Сабаби ин ҳодиса низ ҷангу ҷанҷоли байни хусур ва арӯси хонавода гуфта мешавад.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий