Боздошти ҷавондухтар барои захмӣ кардани ҷавони 21 сола дар Душанбе: ба пояш корд задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзан хабар медиҳад, ки дар захмӣ кардани ҷавоне муттаҳам мешавад
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар бораи захмӣ шуданаш аз сӯи як ҷавонзан муроҷиат намудааст.
Ба иттилои манбаъ, санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштанаш ҷавонзани 23-солаи зодаи шаҳри Норак, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Комментарии (0)