Замони тақсимоти китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми Тоҷикистон маълум шуд
Дар Тоҷикистон ба нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров оғоз карданд. Ин китоб ба ҳамаи хонаводаҳо дастрас хоҳад шуд
Тибқи супориши Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин китоб аз тарафи чопхонаи "Нашриёти муосир" нашр мешавад.
"Нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар иқдоми ватандӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.
Комментарии (0)