Агентии зиддиинҳисорӣ: Ӯзбекистон ва Қазоқистон воридоти газро ба Тоҷикистон қатъ карданд
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли гази моеъ аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар дод
Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз ба рӯзноманигорон гуфт, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 сентябр то охири ҳамин сол воридоти гази моъеро ба кишвар қатъ кард.
Ба гуфти Муминзод Қазоқистон аз 1 сентябр барои як моҳ ворид кардани гази моеъро ба Тоҷикистон қатъ мекунад.
Бино ба гузориши манбаъ, айни замон ба воридоти гази моеъ дар ҷумҳурӣ 15 ширкати воридкунанда машғул мебошад.
Тибқи маълумоти гумрукӣ дар 7 моҳи соли 2020 аз ҷониби 15 субекти воридкунанда ба ҷумҳурӣ - 264 206,66 тонна гази моеъ ба маблағи 102 111,28 доллар ва бо нархи миёнаи 435,0 доллар ворид карда шудааст.
Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ дар ин давра асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон 243 930,85 тонна ё 92,33 дарсад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 19 776,7 тонна ё 7,48 фоиз ва аз Федератсияи Русия 499,1 тонна ё 0,19 фоизро ташкил додааст.
Комментарии (0)