< Гулмуҳаммадзода - фиристодаи Тоҷикистон ба музокироти Қирғизистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гулмуҳаммадзода - фиристодаи Тоҷикистон ба музокироти Қирғизистон

Гулмуҳаммадзода - фиристодаи Тоҷикистон ба музокироти Қирғизистон
Ҳайати Тоҷикистонро дар музокирот бо Қирғизистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири ин кишвар раҳбарӣ хоҳад кард

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин тағйир дар пайи ба вазифаи дигар гузаштани Азим Иброҳим, муовини дигари сарвазир пеш омадааст.

“Тибқи расми равобити миёни давлатҳо раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар бояд дар як сатҳ бошанд. Азбаски ҷониби Қирғизистонро муовини сарвазир раҳбарӣ мекунад, аз тарафи Тоҷикистон низ бояд дар ҳамин поя раҳбар бошад”, - гуфт ин манбаъ.

Азим Иброҳим рӯзи 31 август бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон вазири нақлиёт таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Худоёр Худоёрзодаро иваз кард.

Дар ҳамин ҳол, курсии муовини сарвазир, ки қаблан Азим Иброҳим бар он такя мезад, то ба ҳол холист.

Азим Иброҳим аз соли 2013 дар ин вазифа буд ва ҳамзамон ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон, яке аз сахттарин музокираҳо дар таърихи кишварро раҳбарӣ мекард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий