< Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад
Тақрибан дар 30 кишвари ҷаҳон, дар сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгарӣ 39 ҳавзаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис дода мешаванд

 Бо қарори Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон, участкаҳои интихоботӣ барои интихоботи президентӣ, ки 11 октябр таъин шудааст, дар назди сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои 29 кишвари хориҷӣ кушода мешаванд.

Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маълум шуд.

Ба гуфтаи раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, дар қаламрави 29 кишвар 39 участкаи интихоботӣ кушода хоҳад шуд, то шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ овоз диҳанд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои марбут ба дигар омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла намунаҳо ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои овоздиҳӣ тасдиқ карда шуданд.

Ҳамзамон гурӯҳҳои кории Комиссияи марказӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, оид ба санҷиши асолати имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории номзади пешбаришуда таъсис дода шуданд.

Барои ҳамоҳангсозии хуб бо ВАО ва ҷомеа корҳои ташкилӣ оид ба баргузории интихоботи президентӣ идома дошта,  маркази матбуоти таъсис дода шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий