< Миронов даъват кард, ки дастгирии Русия барои таҳсил дар Тоҷикистон ва ИДМ бештар шавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Миронов даъват кард, ки дастгирии Русия барои таҳсил дар Тоҷикистон ва ИДМ бештар шавад

Миронов даъват кард, ки дастгирии Русия барои таҳсил дар Тоҷикистон ва ИДМ бештар шавад
Раиси ҳизби "Русияи боадолат" ("Справедливая Россия")  Сергей Миронов аз зарурати дастгирии таҳсилот бо забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва густариши барномаҳои донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия гуфт

 Рақобати муваффақонаи сиёсии байни давлатҳо аз дараҷаи таъсири фарҳангӣ ва забонии онҳо ба кишварҳои дигар муайян карда мешавад, қайд кард раиси ҳизби "Русияи боадолат" ("Справедливая Россия") дар изҳороти худ.

Вакили Русия қайд кард, ки дастгирии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мисоли стратегияи сиёсати босалоҳияти хориҷӣ мебошад.

Миронов илова намуд, ки омӯзиши забони русӣ ва ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ барои ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судманди кишварҳоро тавсеа медиҳад.

"Таъсири фарҳангии Русия ба ҷавонони давлатҳои Иттифоқ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Вазъият бояд ба таври куллӣ тағир дода шавад."

Миронов илова намуд, ки агар мо ба ин ҷанба эътибор надиҳем, дар оянда Русия метавонад бо мавҷи руссофобия дар байни ҷавонони хориҷӣ дучор ояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий