< 55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт

55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт
Ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" то авохири моҳи ҷорӣ аз Федератсияи Русия боз 55 парвози дигари чартерӣ анҷом медиҳанд

Сар аз 16 то 31 - уми август аз Федератсияи Русия боз 55 парвози чартерӣ самти Тоҷикистон анҷом меёбад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ватанӣ, "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" сурат гирифта, тоҷикистониёнро аз шаҳрҳои Санкт - Петербург, Екатеринбург, Новосибирс, Қазон, Краснодар ва Сургут ба ватан интиқол медиҳанд.

Гуфта мешавад, барӯихатгирии хоҳишмандони парвоз ба ватан дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва дар консулгар генералии Русия тартиб дода мешавад.

Манбаъ меафзояд, бартарият бештар ба занони ҳомила ва кӯдакдорон, пиронсолону маризон, донишҷӯён ва кормандони давлатӣ дода мешавад.

ВУХ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд аризаи худро ба суроғаи электронии  charter-russia@mfa.tj ирсол намоянд.

Зимнан, таъкид мешавад, ки тибқи дастури Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба ватан бармегарданд бояд маълумотнома дар мавриди мубтало набудан ба коронавирус дошта бошанд. Санаи гирифтани ин маълумотнома набояд аз 4 рӯз бештар бошад ва танҳо кӯдакони то синни 3 - сола аз доштани ин маълумотнома истисно ҳастанд.

Танҳо дар сурати пешниҳод кардани маълумотномаи тиббӣ, шаҳрвандони кишварро аз фаро гирифтан ба карантин озод мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий