< Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зиди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зиди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад

Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зиди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Федератсияи Россия доир ба харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид  ба роҳ монд.

 Дар ин бора гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат бо такя ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба иттилои манбаъ,  ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Россия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Россия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Россия тақрибан 9 сол лозим аст.  Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд, гуфтааст ӯ.

“Азбаски байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина  дастрас карда мешавад”, -мегӯяд ӯ.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ваксинаи Россия бар зидди коронавируси COVID-19 11 август ба қайд гирифта шуд. Дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Россия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий