< Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар мошин ҳамроҳ бо овозхон Баҳром Ғафурӣ боз ду нафари дигар ҳузур доштанд, ки ҳоло дар бемористон бистарӣ гардидаанд

Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 шаб рӯх додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст”, - таъкид доштааст ВКД.

Ба иттилои мабаъ,  дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВКД таъкид доштааст, ки баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқро идома доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий