< Боздошти ду роҳзан, ки таксӣ киро карда, ронандаро лутукӯб ва худравашро рабуданд - навор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти ду роҳзан, ки таксӣ киро карда, ронандаро лутукӯб ва худравашро рабуданд - навор

Боздошти ду роҳзан, ки таксӣ киро карда, ронандаро лутукӯб ва худравашро рабуданд - навор
Ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ванҷ ба латукӯб ва дуздии худрав, мошин ва пули як ронандаи таксӣ муттаҳам дониста мешаванд

Кормандони Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи Рӯдакӣ аз боздошт гардидани ду роҳзан, ки яке сокини ҳамин ноҳия ва дигаре сокини ноҳияи Ванҷ аст, хабар медиҳад.



Ба идораи милитсияи дар ин ноҳия як нафар ронандаи таксӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми июл, ду мусофир ӯро аз шаҳри Душанбе киро карда, дар ноҳияи Рӯдакӣ латукӯб ва мошинаро рабуданд.

Зимнан, дар асоси муроҷиати ин ронанда, кормандони милитсия роҳзанонро бо гузашти як соат аз ин ҳодиса боздошт карданд.

Муайян гардид, ки сокинони ин ду ноҳия ба хотири ба даст овардани мошини муфт ва пули бедарду миён, ронандаи таксиро аз пойтахт киро карда дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди талукӯб қарор доранд.

Онҳо телефон, маблағ ва инчунин мошинашро гирифта, ба ӯ таҳдид карданд, ки "аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, вагар на мекушанд".

Боздоштшудаҳо иқрор шуданд, ки ин корро дар ҳолати сархушӣ содир намуданд.

Манбаъ меафзояд, айни замон нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий