< Абдуллозода: Тоҷикистон ба ваксинаҳои зидди коронавируси Русия таваҷҷуҳ дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Абдуллозода: Тоҷикистон ба ваксинаҳои зидди коронавируси Русия таваҷҷуҳ дорад

Абдуллозода: Тоҷикистон ба ваксинаҳои зидди коронавируси Русия таваҷҷуҳ дорад
Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз саҳми Русия дар мубориза бар зидди коронавирус гуфт

 Тоҷикистон коркарди олимони русро дар самти омодасозии ваксинаи зидди коронавиурс назорат мекунад, гуфт вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотияш.

"Ҳамин ки аз озмоишҳои клиникӣ гузашт, мо аз ҳамкасбони рус хоҳиш хоҳем кард, ки онро ба мо пешниҳод кунанд",- гуфт Абдуллозода.

Роҳбари Вазорати тандурустӣ инчунин саҳми Русияро дар таъмин намудани Тоҷикистон ба тестҳои санҷишӣ қайд кард.

Ба иттилои ӯ, дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 65 ҳазор санҷиш барои муайян кардани коронавирус гузаронида шудааст.

Абдуллозода илова намуд, ки дар як рӯз тақрибан якуним ҳазор таҳқиқот гузаронида мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий