< Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад

Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз маҳдудияти нав дар баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ хабар дод

 Афшини Муқим, сухангӯи Кумита, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар пайи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “вируси корона” ё Ковид – 19 гирифта мешавад.

“Минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешавад. Тибқи тартиби нав, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардидааст”, - гуфт Афшини Муқим.Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё Ковид – 19 – и Тоҷикистон аз 15 июни соли равон дигарбора ба баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ иҷозат дода, теъдоди ширкатдоронро то 100 нафар муқаррар карда буд.

Бори аввал ҳанӯз моҳи апрел қабл аз эълони мавориди аввалини “вируси корона” дар Тоҷикистон аз сӯи ин Ситод баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ муваққатан қатъ шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий