< Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад


Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бино бар паҳншавии вируси корона ҷумҳури барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 миллион қарз ва 54 миллион сомонӣ грантӣ гирифта натавонист

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ба сабаби  пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзу грантҳоро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам хоҳанд кард.

Вай дар ин робита изҳор кард, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.

Инчунин Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий