Даргузашти ҷавонзани 46 - солаи тоҷик дар Екатеринбург: маризи коронавирус буд

Мағфират ном ҷавонзани 46 - сола рӯзи 18 - уми июн дар Екатеринбург даргузашт. Иллати марги ӯ маризии сироятии коронавирус гуфта мешавад
Хабари даргузашти ҷавонзани тоҷикро Саид Муҳиддин Валиев дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудааст. Валиев аз марҳум Мағфират ном бурда изҳор намудаст, ки набераи амакаш буда, дар Екатеринбург фавтидаст.
Иллати марги ҷавондухтари тоҷик, маризии сироятии коронавирус гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш роҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этнос" Каримҷон Ёров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ҷасади шаҳрвандоне, ки ба иллати маризии сироятии коронавирус мефавтанд дар қаламрави Русия ба хок супорида мешаванд.
"Қурбониёни маризии даҳшатбори коронавирусро ба Тоҷикистон интиқол додан мумкин нест", - изҳор намуда буд Ёров.
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки ҳатто мавриде шудаст, ки ду тобути шаҳрвандони тоҷикро аз ҳавопаймо бозпас доданд.
"Чун дақиқ шуд, ки онҳо маҳз аз маризии коронавирус фавтидаанд", - илова намуд ӯ.
Комментарии (0)