< Тоҷикистон содироти нерӯи барқро қариб ду баробар кам кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон содироти нерӯи барқро қариб ду баробар кам кард

Тоҷикистон содироти нерӯи барқро қариб ду баробар кам кард
Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ содироти қувваи барқ ба кишварҳои ҳамсояро 40% кам кардааст

Аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 40% кам кард, хабар додааст сомонаи “Авеста”дар такя ба манобеяш аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.

“Даромад аз фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 15,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ то майи соли гузашта 39,9 фоиз камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 26,3 миллион доллар  нерӯи барқ ба хориҷа фурӯхта шуда буд", - омадааст дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол иттилоъ дар бораи бораи ҳаҷми  интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон дода нашудааст.

Ёдовар мешавем соли гузашта Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 91,3 миллион доллар ба даст овард. Дар ин давра содироти неруи барқ аз ҳама беш ба Афғонистон сурат гирифта, Тоҷикистон бар ивази 1,46 миллиард кВт / соат 60,6 миллион доллар ба даст овардааст.

Ин нишондиҳанда барои Ӯзбекистон 1,42 миллиард кВт / соатро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии содироти қувваи барқ ба Ӯзбекистон 28,5 миллион долларро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон нақша дорад истеҳсоли барқро афзоиш диҳад ва дар назар аст онро ба ба 21 миллиард кВт / соат расонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий