< Навор аз дохили ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе: тести COVID- 19-ро чигуна мекунанд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Навор аз дохили ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе: тести COVID- 19-ро чигуна мекунанд?

Навор аз дохили ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе: тести COVID- 19-ро чигуна мекунанд?

Кормандони ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе нишон доданд, ки ташхиси COVID- 19 дар Тоҷикистон чигуна мегузарад 

Дар Душанбе дар асоси пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии тиббӣ ташхисгоҳи коронавирус ба кор даромадааст, ки тестҳои COVID- 19-ро анҷом медиҳад.

Тавре дар навор дида мешавад, дар ин ташхисгоҳ барои муайян кардани тест луоби  бинӣ ва даҳони беморро мегиранд. Бо ҳамин ташхиси дурударози беморӣ сар мешавад."Тестҳое, ки мо истифода мебарем аз они Русия ё Чин мебошанд. Реагентҳо асосан истеҳсоли коргоҳи "Вектор"-и Новосибиркс мебошанд", - мегӯяд  дар навор корманди ташхисгоҳ Мадина.

Сипас пизишкон дар таҷҳизоти махсус муайян мекунанд: COVID-19 ошкор мегардад ё не.

Корманди ташхисгоҳ, ки дар ҷои хавфнок кор мекунанд, зуд-зуд ҷои корро дезинфексия менамоянд.

Намунаҳои аз беморон гирифташуда пас аз ташхис махсус поккорӣ мешаванд.

Бино бар иттилои СММ ҳамарӯза дар Тоҷикистон аз 400 то 500 ташхис гузаронида мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий