< Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.


Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий