Даргузашти овозхон Хуршеди Алидод, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Хуршеди Алидод, ҳунарманд ва оҳангнавози шинохтаи тоҷик, ки унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дошт, имрӯз дар синни 84-солагӣ даргузашт
Хуршеди Алидод 20 июли соли 1936 дар Афғонистон таваллуд шуда, охири солҳои 50-уми асри гузашта, замоне, ки ҳамагӣ 20 сол дошт ба Тоҷикистони шӯравӣ кӯчидааст.
Хуршеди Алидод - ҳунарманд ва оҳангнавози тоҷик мебошад, ки баъди кӯчиданаш ба давлати шӯравӣ сарфи назар аз мушкилот ба қуллаҳои шуҳрат расидааст. Духтараш Ширинмоҳи Ниҳол низ ҳунарманд аст.
Ҳарду ҳунарманд оҳангу таронаҳое эҷод кардаанд, ки даҳсолаҳост миёни мардуми тоҷик маъруф мебошанд.
Комментарии (0)