< Марзҳои Тоҷикистон васеъ мешаванд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марзҳои Тоҷикистон васеъ мешаванд?

Марзҳои Тоҷикистон васеъ мешаванд?
Хабаргузории jindopress хабар медиҳад, ки Абдулло Абдулло баъди гуфтушуниди бебарор бо Ашраф Ғанӣ хостори барпо кардани раъйпурсӣ барои ҳамроҳ кардани вилоятҳои тоҷикнишини шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон шудааст.

Ӯ махсус қайд кард, ки мо солҳост дар ин маврид бо шахси аввали Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид дорем. Ба қавли Абдулло Абдулло, бояд қисматҳои ҳаммарзи тоҷикнишини Афғонистон бо вилоятҳои ҳаммарзи худ шомил шаванд. Масалан, Бадахшони Афғонистон бояд бо Бадахшони Тоҷикистон, Қундузу Тахор ва Бағлон бо вилояти Хатлон, Мазори Шарифу Самангон ҳамчун вилояти нав бо номи Балх ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шаванд. Ӯ ният дорад,ки ин пешниҳоди худро ба Луи Ҷирга, ҷаласаи доимоамалкунандаи ақвому қабоили Афғонистон пешниҳод намояд. Тавре jindopress иттилоъ додааст, то ҳол вокуниши мақомоти расмии ин кишвар ба ин пешниҳод маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий