< 12 000 ДОЛЛАР – “НАРХ”-И ДОХИЛШАВӢ БА ДОНИШГОҲИ ТИББӢ? БОЗДОШТИ “УСТОД”-И ҚАЛБАКИИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

12 000 ДОЛЛАР – “НАРХ”-И ДОХИЛШАВӢ БА ДОНИШГОҲИ ТИББӢ? БОЗДОШТИ “УСТОД”-И ҚАЛБАКИИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ

12 000 ДОЛЛАР – “НАРХ”-И ДОХИЛШАВӢ БА ДОНИШГОҲИ ТИББӢ? БОЗДОШТИ “УСТОД”-И ҚАЛБАКИИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Қаюмова Басбӣ Искандаровна худро омӯзгори Донишгоҳи Кӯлоб муаррифӣ карда, аз шаҳрванд «А» барои дохил кардани ӯ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 12 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Басбӣ Қаюмова баъди аз «А» гирифтани 2300 доллар ва 17 600 сомонӣ дастгир шуда, ин пулҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира шудааст. Ба зидди Қаюмова бар асоси қисми чоруми моддаи 247 бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз ҷарима ба маблағи ҳангуфт то ҳукми зиндон ба муҳлати аз 8 то 12 сол таҳдид мекунад.

Санаи 07 январи соли 2020 шаҳрванд "А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат намудки нисбати Қаюмова Басбӣ Искандаровнаки худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ намудаастчораҳои қонуни андешида шавадзеро номбурда ба ӯ ваъда додаастки бар ивази маблағи 12000 доллари ИМА охиринро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил менамояд.
 
Дар ин асос, санаи 07 январи соли 2020 нисбати Қаюмова Басбӣ Искандаровна бо модда и247 қисми 4 банди "б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ номбурда баъди бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулии 2300 доллари ИМА ва 17600 сомонӣ аз шаҳрванд "А” дастгир карда шуда, маблағи пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба мақомоти Прокуратура ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ
КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 247. Қаллобӣ
1) Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 21.07.2010 № 617).
2) Қаллобие, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нўҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).
3) Қаллобие, ки;
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз нўҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз13.06.2013 № 966).
4) Қаллобие, ки:
а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 21.07.2010 № 617, аз13.06.2013 № 966).

Сарчашма: https://akhbor.com/h-hh-hh-p11357-167.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий