< Обуҳавошиносон: дар пойтахт боридани борон дар назар аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Обуҳавошиносон: дар пойтахт боридани борон дар назар аст

Обуҳавошиносон: дар пойтахт боридани борон дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борон дар назар аст

 Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -4+1 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, инчунин то 24  ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  30-35 ва рӯзона 11-16  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар  назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 6-11  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона -2+3 ва рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий