< САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУҶАНД, ИСТАРАВШАН ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУҶАНД, ИСТАРАВШАН ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУҶАНД, ИСТАРАВШАН ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА
Рӯзи 30 сентябр, соатҳои тахминан 17 роннадаи "Мерседес Бенс 180” Бахтиёр Адҳамов дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд як занро бо ду фарзанди хурдсолаш пахш кардааст. Майсара Раҷабаова ва духтари дусолааш Раҷаббӣ маҷрӯҳ шудаанд, вале Нуронахон Раҷабова, ки ҳамагӣ 6 сол дошт, дар беморхона ҷон додааст.
Шаби 30 сентябр, соатҳои 23:30 бар асари бархӯрди ду "Опел” дар ҳудуди деҳаи Нофароҷ дар наздикии шаҳри Истаравшан ронандаи 36-солаи "Опел-Караван” ба ҳалокат расидааст.
Шаби 30 сентябр, соатҳои 20:30 бар асари чаппа шудани як "Опел” дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара як мусофири 34-солаи ин мошин ҷон бохтааст.

Рух додани се садамаи марговар дар як рӯз
Рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», Адҳамов Бахтиёр Акбарович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Раҷабова Майсара Мубиновна, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, хурдсолон: Раҷабова Нуронахон Носирҷоновна, соли таваллудаш 2013, Нуруллои Раҷабӣ Носирҷонзода, соли таваллудаш 2017-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон: Раҷабова М.М. ва хурдсол Нуруллои Р.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва пиёдагарди хурдсол Раҷабова Н.Н. аз ҷароҳатҳои гуногуни бардоштааш, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Санаи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван», Бекбуттаев Ҷурабек Шодибекович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Душанбе-Чаннок», дар ҳудуди деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Соқиев Розиқ Сақоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ки аз самти муқобили роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван» Бекбуттаев Ҷ.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра”, Маҳмадиев Маҳмадназар Қурбоназарович, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Гулии ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, онро дар ҷӯйбори бетонии тарафи рости роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Алимов Қурбон Тағоймуродович, соли таваллудаш 1985, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Шикастани терминали пулгузаронӣ ва ба яғмо бурдани пулҳои он

 
Ба мақомоти милитсия дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 37-солаи сокини кӯчаи Заҳматободи пойтахт, роҳбари ҶДММ "Пайрав" ворид гардидааст, ки шаби 25-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 19:40-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бозори Меҳргон 1-адад терминали пулгузарониро шикаста аз дохилаш 580-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки ба номбурда 3580-сомонӣ зарар расонидаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 21-солаи сокини кӯчаи Қаротегини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағ аз дохили хонаи истиқоматӣ

 
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара марди 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 30-юми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7000-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаҳои 237, 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ғорат намудани телефони мобилӣ
 
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавонзани 18-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус ворид гардидааст, ки рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 33-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиев бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-20», ки арзишаш 1580-сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Номбурда ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий