< ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРОРИЗМ ХАТАРҲОИ ВАЗНИН БА БОР МЕОВАРАД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРОРИЗМ ХАТАРҲОИ ВАЗНИН БА БОР МЕОВАРАД

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРОРИЗМ ХАТАРҲОИ ВАЗНИН БА БОР МЕОВАРАД
Имрӯзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъитӣ-сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи васоитҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешавад. 
Ифротгароӣ дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ва ба хусус ҷавононе гардида истодааст, ки бо назар ва андешаҳои ифродӣ ва махсус бо ангезаҳои диннӣ ва сиёсии манфиатҷўёни исломи бунёдӣ пайваст мебошанд. 
Мутобиқи назар ва таҳлилҳои коршиносони масоили мазкур, таи даҳсолаҳои охир ин падидаи хавфнок бештар дар давлатҳои Шарқи исломӣ ва ин чунин дигар давлатҳои ҷаҳони Аврупо ва Амрико вусъати тоза мегирад, ки дар натиҷаи он қисме аз аҳолии бегуноҳи ин давлатҳо ҳалок ва маҷрўҳ мегарданд ва дар замири он давлатҳо ва аҳолии ин кишварҳо ба оташи ҷанг ва нооромиҳо кашида мешаванд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои марҳалаи ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар, баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ ба ин омил рў ба рў гардида буд, ки ба ҷиҳати хислат ва вусъати амал пурра хислати бунёдгароии исломиро дошт ва барои сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 мусоидат намуда буд. Далелҳои муътамад собит месозад, ки дар кишвар ба арсаи сиёсӣ баромадани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба сифати ангезаи нави «исломи сиёсӣ», ки ба ҳамин замон рост меомад, дар замири амалҳои пўшидаи худ ба ҳама гуруҳҳои ифротӣ даст дошт ва дар сар задании ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин дар марҳалаи ҷанг ва минбаъд дар шароити осоишта низ то ҷое барои сар задани ин зуҳуротҳои хавфнок мусоидат менамуд. 
Моҳи сентябри соли 2015 қатъ гардонидани фаъолияти ин ҳизби мамнўъ аз тадбирҳои воқеъбинонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки барои пешгирии паҳншавии чунин падидаҳои хатарнок нақши бориз хоҳад гузошт. 

 Назарзода Пирали Сафар

Комментарии (0)

Оставить комментарий