
23.07.2019 сол тахминан соати 05:00 дақиқа мактуби корхонаи истифодабарии манзил таҳти №270 ба ШВКД шаҳри Хуҷанд ворид гардид, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба шӯъбаи шиносномадиҳии корхонаи давлатии хоҷагии манзили «Соҳили-Рост», воқеъ дар ш. Хуҷанд, маҳ.13, х.20 «а», даромада, аз он ҷо 1030-сомонӣ ва 40-адад расид (квитансия)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Корхонаи мазкур бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳхаз гардонида нашудааст.
Комментарии (0)