< Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқро тобистони гузашта ба ҳамсояҳо мувақатан қатъ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқро тобистони гузашта ба ҳамсояҳо мувақатан қатъ кард

Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқро тобистони гузашта ба ҳамсояҳо мувақатан қатъ кард
Талабот ба захираҳои об ва нерӯи барқ бинобар тағирёбии иқлим меафзояд. Дар ин бора раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сатҳи баланд оид ба об ва иқлим дар Глазго изҳор дошт.

Ӯ қайд кард, ки зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд.

Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Сарвари давлат гуфт, Тоҷикистон ба пуштибонии Эътилофи обу иқлим дар ҳимоят ва ҳифзи пиряхҳо умедвор аст.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад.

Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд.

"Чунончи, тобистони соли гузашта Тоҷикистон маҷбур шуд, ки содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд", - афзуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамзамон ба гуфти президент, зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон кишварро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохта, бар замми ин хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироатҳои кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид.

Ӯ ёдовар шуд, ки қаблан дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, ҳамчунин барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои зарурӣ таҳия карда шаванд.

Яке аз онҳо таъсиси фонди махсуси байналмилалӣ буда метавонад.

"Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун фаъолона пеш мебарад ва мо умедворем, ки онҳо низ аз ҷониби Эътилофи об ва иқлим дастгирӣ хоҳанд ёфт", таъкид кард Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, тағирёбии иқлим ба зиндагии мардум таъсири ҷиддӣ мерасонад ва аз тариқи захираҳои об ба иқтисодиёт низ таъсир мерасад.
Илова бар ин, Раҳмон аз хатари обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод.

"Пряхҳои мо зуд об мешаванд. То имрӯз аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон беш аз ҳазораш комилан об шудааст", - шарҳ дод сарвари давлат.

Вазъият ногузир бадтар мешавад. Раҳмон қайд кард, ки дар тӯли даҳ сол ҳаҷми умумии пиряхҳо дар ҷумҳурӣ, ки беш аз 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, қариб сеяк кам шудааст.




Сарчвшма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий