< Президент дигарбора ба ноҳияи Темурмалик рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президент дигарбора ба ноҳияи Темурмалик рафт

Президент дигарбора ба ноҳияи Темурмалик рафт
 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт.

Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.

Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, “Коллеҷи тиббӣ” бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат ва имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмаликбаъд аз таъмиру азнавсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Гуфта мешавад, Таъмиру навсозии Кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Кӯдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, он имконияти фарогирии то 200 кӯдакро дорад.



Сачашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий