Президент ба ятимон дар Шуғнон либос, ширинӣ ва китоби "Пешвои миллат" тақдим кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буда, ҳамчунин ба ҳар як кӯдак китоби “Пешвои миллат” тақдим гардид.
Мақомдорони Шуғнон иттилоъ додаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони ятим сару либоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.
"Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 каси дигар кӯдакони маъюбиятдошта буданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ятимон ва ақрабҳояшон изҳор доштааст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳад буд.
Кӯдакон ваъда додаанд, ки дар оянда барои рушду инкишофи Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.
Комментарии (0)