< Намози ҷумъа дар масоҷиди Ӯзбекистон иҷоза дода шуд: бо шартҳои вижа » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Намози ҷумъа дар масоҷиди Ӯзбекистон иҷоза дода шуд: бо шартҳои вижа

Намози ҷумъа дар масоҷиди Ӯзбекистон иҷоза дода шуд: бо шартҳои вижа
Комиссияи вижаи Ӯзбекистон оид ба муқобила бо паҳншавии вируси корона, яке аз маҳдудиятҳоро бардошт

Сар аз 13 август дар Ӯзбекистон гузоштани намози ҷумъа дар масоҷид иҷоза дода мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон, намозгузорӣ дар масоҷид ба имомхатибоне иҷоза дода мешавад, ки алайҳи вируси корона эм шудаанд ва ҳарду ҷузъи ваксинро гирифтаанд.

Барои ашхосе, ки гирифтани ваксин мумкин нест, иҷрои ин шарт зарурат надорад.

Дигар шаҳрвандон низ ҳуқуқ доранд, дар намози ҷумъа ширкат кунанд, ба шарте, ки алайҳи вируси корона эм шуда бошанд ё соҳиби QR -код бошанд.

Дар рафти адои намоз мусалмонон бояд фосилаи иҷтимоиро риоя кунанда ва ниқоби тиббӣ дошта бошанд.

Ба намояндагони дигар динҳо низ дар Ӯзбекистон, тавсияҳои дар боло зикршуда, дахл доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий