< "Бемор шудӣ, хабар диҳед": пинҳонкорони коронавирусро ба 8 соли зиндон маҳкум мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Бемор шудӣ, хабар диҳед": пинҳонкорони коронавирусро ба 8 соли зиндон маҳкум мекунанд

"Бемор шудӣ, хабар диҳед": пинҳонкорони коронавирусро ба 8 соли зиндон маҳкум мекунанд
Бино бар таҳдиди глобалии коронавирус дар Ӯзбекистон шаҳрвандони аз хориҷ баргаштаро ба чанд гурӯҳ ҷудо намуда, ба карантин равон мекунанд. Нафаронеро, ки бемории худро пинҳон месозанд, ҳабс интизор аст

 Дар Ӯзбекистон нафаронеро, ки баъди сафар ба кишварҳои "хатарнок" қавонини каратинро риоя намекунанд, аз озодӣ маҳрум мекунанд.

Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба дафтари матбуоти агентии санитариву эпидемиологии назди вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.

Тавре қайд карда мешавад, мақомоти Ӯзбекистон шаҳрвандони аз хориҷ баргаштаро ба чанд гурӯҳ тақсим карда, ба карантин равон мекунанд.Ба гурӯҳи "1а" нафароне дохил мешаванд, ки аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Италия, Афғонистон ва Ҷопон баргаштаанд.

Шаҳрвандонеро, ки аз Фаронса, ИМА, Олмон, Сингапур, Испания ва Тайван баргташтаанд, ба гурӯҳи "1б" дохил кардаанд.

Касонеро, ки аз Таиланд, Озарбойҷон, Британияи Кабир, Малайзия, Аморати муттаҳидаи араб, ва Арабистони Саудӣ бармегарданд, ба гурӯҳи "2" ворид мешаванд ва дар хонаҳояшон 2 ҳафта карантин карда мешаванд.

Ҳамчунин ба нафароне, ки аз аз кишвари хориҷи "хатарнок" баргаштаанд пас аз карантин ҷавоб шудан ҳам, занг зада, аз саломатиашон пурсон мешаванд.

Ёдрас мешавем, моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин аз бурузи вируси номаълуме дар Вуҳан хабар доданд. Дертар маълум шуд, ки барангезандаи он вируси навъи COVID-19 будааст.

 Феълан тӯли 3 моҳ ин вирус дар 101 кишвари дунё паҳн шудааст, ки бештар аз 3 ҳазор нафар қурбони он шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий