< Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд: фурсат барои ивази пули русӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд: фурсат барои ивази пули русӣ

Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд: фурсат барои ивази пули русӣ
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар нисбат ба сомонӣ эълон кард.

Ҳамин тавр, тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳазор рубл дар кишвар 0.1566 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ин нишондод ба 0.1556 сомонӣ баробар буд.

Ҳамзамон, дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар ҳазор рубл то 158 сомонӣ мерасад.

Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, он устувории нисбиро нишон медиҳад ва имр=з низ каме поин рафта, як доллар 11.2950 сомонӣ, тибқи нишондоди БМТ, арзиш дорад.

Пули аврупоӣ низ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, як евроро 13.0514 сомонӣ муайян кардааст, ки ин сатҳи рекордии коҳиш дар соли ҷорӣ мебошад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.2950 то 11.3200 сомонӣ,
1 евро аз 13.0514 то 13.2000 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1566 то 0.1585 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.

Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий