< Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард

Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард
 БМТ мегӯяд, ягон хел тасмими ташкили асъори рақамии бонки марказӣ ё худ - CBDC-ро надорад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як раддия хабар додааст, ки бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон хел тасмим ҳам надорад.

"Маълумот оид ба ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд", - омадааст дар раддия.

БМТ таъкид намудааст, ки аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба фонди Fantom Foundation мактуб ирсол намудааст.

Ин раддия дар ҳолест, ки ахиран дар бархе сомонаҳо бо такя ба Fantom Foundation хабарҳо нашр гардиданд, ки якҷоя бо "Ориёнбонк" ва Бонки миллӣ сари ташкили асъори рақамӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки блокчейни Fantom барои ташкили асъори рақамии Тоҷикистон интихоб шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб намуд.
 

Комментарии (0)

Оставить комментарий