< БОЗДОШТИ СОКИНИ РӮДАКӢ БО 17 500 ЕВРОИ ҚАЛБАКӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БОЗДОШТИ СОКИНИ РӮДАКӢ БО 17 500 ЕВРОИ ҚАЛБАКӢ

БОЗДОШТИ СОКИНИ РӮДАКӢ БО 17 500 ЕВРОИ ҚАЛБАКӢ
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир намуданд.
Номбурда бо мақсади истифода бурдан 17 ҳазору 500 евроро бо худ нигоҳ доштааст, ки мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №858 аз 15 июли соли равон, 35-адад купюраҳои 500-еврогӣ қалбакӣ буда, бо тарзи дастгоҳи чопи ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ тайёр карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий