Сӯхтор дар бурҷи Истиқлоли Хуҷанд. 2 видео.
Рӯзи 15 июл бурҷи 58-метрии "25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар маркази шаҳри Хуҷанд дучори сӯхтор шуд.Шоҳидони ҳодиса хабар доданд, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.
Бурҷи истиқлол аз 7 сутун иборат буда, 58 метр баландӣ дорад. Ин бурҷ моҳи сентябри соли 2016, дар соҳили рости дарёи Сир ба шарафи солгарди 25-уми Истиқлоли Тоҷикистон пардабардорӣ шуда буд ва дар байни сокинон бо номи русии "Стелла” маъруф аст.
Мақомот ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Комментарии (0)