Ҷаримаи собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино барои қаллобӣ
“Замони гирифтани пора даъватшаванда аллакай дар қаламрави комиссариати ҳарбӣ қарор дошта, ӯро барои фиристодан ба ҷойи хизмат омода мекарданд, - хабар додаанд дар суд. - Нурхонов то дами охир итминон медодааст, ки худи ҳозир ӯро ҷавоб медиҳанд”.
Лекин вақте ки даъватшавандаро барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба комиссариати ҳарбии пойтахт мефиристанд, маълум мешавад, ки аз лиҳози солимӣ ӯ ба хизмати ҳарбӣ коршоям нест.
“Пас аз муоинаи тиббӣ даъватшаванда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард”, - қайд кардаанд дар мурофиаи судӣ.
Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Исфандиёр Нурхонов ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/laworder/20190710/arimai-sobi-kormandi-komissariati-arbii-noiyai-sino-baroi-allob
Комментарии (0)