< Ошкор шудани фаъолияти гуруҳи мазҳабии “ТОҶИК ОИЛА” дар як деҳаи Русия (ВИДЕО) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ошкор шудани фаъолияти гуруҳи мазҳабии “ТОҶИК ОИЛА” дар як деҳаи Русия (ВИДЕО)

Ошкор шудани фаъолияти гуруҳи мазҳабии “ТОҶИК ОИЛА” дар як деҳаи Русия (ВИДЕО)


Додситонии ноҳияи Сизрани вилояти Самара гуруҳи мазҳабии "Тоҷик Оила”-ро, ки ррҳбараш як зодаи Тоҷикистон аст, расман огоҳ кардааст, ки даст ба фаъолиятҳои ифротӣ назанад. Додситонӣ гуфт, ин гуруҳ дар як манзил дар деҳаи Ивашевка ҷамъомадҳо доир мекард, вале расман дар ниҳодҳои вазорати адлияи Русия сабти ном нашудааст. 15 узви "Тоҷик Оила” рӯзи 31 май, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар ҷараёни як рейди муштараки ФСБ ва Росгвардия (ОМОН) дар деҳаи Ивашевка дастгир шуданд.
Додситонии ноҳияи Сизрани вилояти Самара рӯзи 5 июл хабар дод, ки то куҷо ба меъёрҳои қонунҳои Русия дар бораи озодии дин ва гуруҳҳои динӣ ҷавобгӯ будани фаъолияти гуруҳи мазҳабии "Тоҷик Оила”-ро санҷидааст.

Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шудааст, ки пайравони "Тоҷик Оила” бо роҳбарии як зодаи Тоҷикистон дар як бино дар деҳаи Ивашевка доим ҷамъ мешуданд.

Додситонии Сизран мегӯяд, роҳбар ё намояндаи ин гуруҳ бар хилофи қонунҳои Русия дар бораи озодии дин ва гуруҳҳои динӣ ниҳоди минтақавии вазорати адлияи Русияро расман аз оғози фаъолияти худ огоҳ накардааст.

"Бар асоси натиҷаҳои санҷиш роҳбари гуруҳи мазҳабии "Тоҷик Оила” дар мавриди роҳ надодан ба анҷоми фаъолияти ифротӣ огоҳ карда шуд. Ҳамчун додситони ноҳия бар асоси моддаи 19.7 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия (ироа накардани маълумот) парвандаи маъмурӣ оғоз кардааст, ки дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад”, - гуфта мешавад дар иттилоияе, ки дар сомонаи расмии додситонии ноҳияи Сизран нашр шудааст.

Фаъолияти гуруҳи мазҳабии "Тоҷик Оила”дар деҳаи Ивашевка рӯзи 31 май дар пайи як рейди муштараки ФСБ ва Росгвардия дар ин деҳа ошкор карда шуд. Дар видеои он рғзҳо нашршуда дида мешуд, ки нирӯҳои ОМОН вориди як манзил шуда, мардони дар онҷо ҷамъшударо ба рӯи фарш мехобонанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни рейд 15 нафар дастгир шуд ва ба дунбол, таҳқиқи қазияро ба додситонии Сизран супурданд.

Ончӣ маълум шуд, ин аст, ки аъзои ин гуруҳи мазҳабӣ хонаеро дар Ивашевка ба масҷид (намозгоҳ) табдил додаанд ва барои анҷоми маросими мазҳабӣ онҷо ҷамъ меоянд.

Мақомот ягон далели таблиғи идеологияи ифротӣ аз ҷониби аъзои ин гуруҳро то имрӯз нишон надодаанд.

Дар бораи гуруҳи "Тоҷик Оила” маълумот хеле ночиз аст ва ба сомонаи "Ахбор” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки назари роҳбар ё кадоме аз пайравони ин гуруҳро бипурсад. Вале ин ки рейди зидди онҳо рӯзи 31 май дар рӯзҳои охири моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон доир шуд, бар ин бовар меафзояд, ки шояд муҳоҷирон дар Ивашевка барои ифтор ва хондани намози таровеҳ ҷамъ омада бошанд.
Деҳаи Ивашевка дар 24-километрии шаҳри Сизран ва тақрибан 200-километрии шаҳри Самара ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p9598-120.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий