Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлати навини тоҷикон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин, рушди устувори ҷомеаро муайян намуд.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамватанони азизу гиромиро ба ифтихори 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвар саломативу хушбахтӣ ва оромиву ободӣ орзу менамоям.
Дар марҳалаи бисёр душвори ҳаёти ҷомеа, яъне дар даврае, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, қабул гардидани Конститутсия яке аз дастовардҳои воқеан таърихии халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои мардуми тоҷик дар роҳи ташаккули соҳибистиқлолӣ, барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин, гузариш ба марҳалаи комилан нави сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мебошад.
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои муайян намудан ва таҳким бахшидани роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.
Конститутсия таҷассумгари орзуву ормон, озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи миллати тамаддунсози тоҷик буда, барои ташаккул ва пойдории ҳокимияти давлатӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Конститутсия ҳамчун санади бунёдӣ дар раванди рушди давлатдории миллӣ боз ҳам равшану амиқ гардид ва дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ ва таъмини рушди устувори кишвар нақши барҷаста бозид.
Таҷрибаи давлатдории солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар заминаи меъёрҳои Конститутсия роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории муосирро марҳала ба марҳала тай намуда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ, ки ба расму ойинҳо, суннату анъанаҳо, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва манфиатҳои милливу давлатӣ асос ёфтаанд, ноил гардид.
Меъёрҳои Конститутсия барои ташаккули низоми муосири сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда, роҳи минбаъдаи инкишофи Тоҷикистонро дар асоси арзишҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуданд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсияи мо рушди демократикунонии ҳаёти ҷомеа мебошад, ки ҷавҳари онро таъмини ҳуқуқу озодии инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ташкил медиҳад.
Рушди устувори ҷомеа барои Тоҷикистон, ки дар марҳалаи ташаккул ва таҳкими низоми муосири давлатдории миллӣ қарор дорад, такмили пайвастаи меъёрҳои конститутсионӣ ва мутобиқсозии онҳоро ба талаботи ҷомеа тақозо менамояд.
Ин раванд яке аз омилҳои муҳимми таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ буда, барои рушди муназзами соҳаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Такмили Конститутсия на танҳо ба мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба воқеияти нави ҳаёти ҷомеа, балки ба таҳкими арзишҳои демократӣ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мукаммалгардонии низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат намуд.
Аз ин лиҳоз, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки арзишу меъёрҳои Конститутсияро ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизамон эҳтиром, риоя ва иҷро намояд ва бо заҳмати содиқонаву софдилона барои расидан ба ҳадафҳои олии ин санади сарнавиштсоз мусоидат кунад.
Бо умеди пешрафту ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар Рӯзи Конститутсияро ба ҳар як фарди кишвари озоду соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.
Бовар дорам, ки Конститутсия ба хотири таҳкими пояҳои сиёсии давлатдории миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик садсолаҳо хизмат мекунад.
Бигзор, Конститутсия пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амалисозандаи умеду ормонҳои миллати тоҷик бошад!
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)