< Дастури Рустами Эмомалӣ: “Бекор кардани пардохти 100 сомонӣ барои кирокашҳоро омӯзед ва пешниҳод ироа кунед” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастури Рустами Эмомалӣ: “Бекор кардани пардохти 100 сомонӣ барои кирокашҳоро омӯзед ва пешниҳод ироа кунед”

Дастури Рустами Эмомалӣ: “Бекор кардани пардохти 100 сомонӣ барои кирокашҳоро омӯзед ва пешниҳод ироа кунед”
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба муовини худ дар бахши нақлиёт дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти кишвар бекор кардани пардохти 100 сомонӣ барои ҳар рӯзи корӣ аз сӯйи кирокашҳо ба ширкатҳои кирокаширо баррасӣ ва барои роҳандозии кори дурусти кирокашҳо пешниҳод ироа кунад.

Дар ин хусус телеграм-канали Рустами Эмомалӣ имрӯз, 10-уми июл, хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, шаҳрдори Душанбе ба масъулин суфориш додааст, ки “барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ, масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомонаро омӯхта, дар муҳлати кӯтоҳтарин аз рўи усулҳои наву муосир таклиф пешниҳод кунанд”.

Ин дастури шаҳрдори пойтахт як сол пас аз ҷорӣ шудани пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ барои кирокашҳо дода мешавад. Аммо зикр намешавад, ки барои ироаи пешниҳод то кай муҳлат дода шудааст.

Ду рӯз пеш аз ин дастури шаҳрдори Душанбе, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам пардохти 100 сомонии кирокашҳоро шарҳ дода, гуфт, аз шикояти кирокашҳо огоҳ аст ва соҳаи кирокашӣ ҳоло дар марҳалаи танзимшавӣ қарор дошта, умед доранд, ки бо пурра фаъол шудани барномаи “Ҷӯра” ҳалли як қисми мушкилоти хидматрасонӣ имконпазир мешаванд.

Азим Иброҳим гуфт, тибқи ин барнома агар кирокаш чор маротиба аз қабули дархост даст кашад, ӯ аз низом муваққатан хориҷ мешавад ва минбаъд дархостҳои навро дида наметавонад.

Ӯ гуфт, “пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ аз сӯйи кирокашҳо ба ширкатҳо ба муносибатҳои шартномавии байни ронанда ва ширкат марбут аст”.

Баҳсу шикояти кирокашҳо дар Душанбе масъалаи нав набуда, нигарониҳо пас аз роҳандозии замимаи “Ҷӯра” ва пайвастани чор ширкати кирокашӣ ба ин барнома бештар шуд. Аксари кирокашҳо шикоят мекунанд, ки сарфи назар аз кор кардан ё накардан, онҳо бояд ҳар рӯз 100 сомонӣ пардохт кунанд.  

Моҳи июни соли гузашта, шаҳрдории Душанбе танҳо ба 4 ширкати кирокашии -“Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” ҳаққи фаъолият дар ҳудуди пойтахтро дод. Ба ин ширкатҳои иҷоза дода шуд, ки ҳар яке 3 ҳазор мошин дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий