< Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад»
​Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, металлургияи сиёҳ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими саноати вазнин аз истихроҷи маъдани оҳан оғоз гардида, то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ идома меёбад.

Ба андешаи Пешвои миллат, рушди ин соҳа барои таъсиси шумораи зиёди ҷойи нави кор на танҳо ба худи соҳа, балки дар бахшҳои вобаста, аз ҷумла саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, савдо ва дигар самтҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин металлургияи сиёҳ дар рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ аҳаммияти муҳим дошта, барои ҷалби шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш ва густариши хизматрасониҳои вобаста замина фароҳам меорад.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки рушди ин соҳа вобастагии кишварро аз воридоти оҳан ва дигар масолеҳи сохтмонӣ коҳиш дода, барои афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Иброз гардид, ки металлургияи сиёҳ дар ғанӣ гардидани буҷети давлат низ нақши муҳим дошта, ба пайдо шудани манбаъҳои нави даромад аз ҳисоби андозҳои гуногун, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ, андоз аз даромади корхонаҳо ва андоз аз арзиши иловашуда мусоидат мекунад.

Пешвои миллат ҳамчунин нақши соҳаи мазкурро дар рушди сармояи инсонӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар заминаи он марказҳои омӯзишӣ таъсис ёфта, истифодаи технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий