< Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд

Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
​Дар ҷараёни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, маориф, илм ва фарҳанг, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи машваратҳои сиёсӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Халил-ур Раҳмон ва Вазири давлатии Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш оид ба корҳои хориҷӣ Шама Убайд Ислом мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нассоҷӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ табодули афкор анҷом дода шуд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий