Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ ширкат мекунад
Хабаргузории эронии «Тасним» низ, рӯзи 1-уми июл навишт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим ҳузур хоҳад дошт.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ иттилое надодааст.
Тибқи иттилои дастрас, дар назар аст, дар маросими видоъ аз Тоҷикистон ҳамчунин, як ҳайати расмӣ ва гурӯҳе аз фарҳангиёну рӯҳониён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок кунанд.
Тибқи иттилои мақомоти расмии Эрон, маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ дар се шаҳр сурат гирифта, чанд рӯз давом мекунад.
Аз ҷумла, рӯзҳои 4-5-уми июл маросими видоъ ва рӯзи 6 июл ташъия (гусели)-и ҷаноза дар Теҳрон баргузор мешавад. Ҳамчунин, рӯзи 7 июл дар шаҳри Қум маросими ташъия сурат гирифта, як рӯз дар Ироқ низ бо ӯ чунин маросим баргузор мешавад ва рӯзи 9-уми июл пайкари Алии Хоманаӣ дар Машҳад ташъия ва дафн карда мешавад.
Бояд гуфт, Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумурии Исломӣ рӯзи 28-уми феврал дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон бо чанде аз аъзои хонавода, аз ҷумла, духтар, домод, келин ва як наберааш дар Теҳрон, дар дафтари кориаш кушта шуд. Баъди марги ӯ, писараш Муҷтабо Хоманаӣ роҳбари олии Эрон интихоб шуд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)