Коргарони чинӣ ба маҳалли сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе – Қулма баргаштаанд
Коргарон чинӣ ба маҳалли сохтмони роҳи Қалъаи Хумб — Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон), ки ҷузъе аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, баргаштаанд ва зери муҳофизати неруҳои вижаи Тоҷикистон ба кор оғоз кардаанд. Онҳо аввали моҳи декабри соли гузашта пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон, маҳали кори худро тарк карда буданд.
Радиои Озодӣ бо такя ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навиштааст, ки мутахассисони чинӣ моҳи апрели соли 2026 ба идомаи кор пардохтанд ва онҳо «дар ҳама бахшҳо ба корҳои машваратӣ, бетонкунӣ, равшаннамоӣ дар нақбҳо ва ғайра машғуланд».
"
Ин ниҳод зикр кардааст, ки «вазъият дар минтақаи мазкур айни замон ором аст, вале тибқи қоидаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ кормандони чиниро сохторҳои дахлдор муҳофизат мекунанд».
Ҳамла ба коргарони ширкати роҳсозии чинии «China Road and Bridge Corporation» рӯзи 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аз хоки Афғонистон анҷом шуд. Дар натиҷаи он, 2 шаҳрванди Чин кушта ва 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.
ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.
Дар пайи ин, ВКХ-и Толибон* гуфта буд, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон «эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст». Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.
Баъдан, Сафорати Чин дар Душанбе аз ҳамаи шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хост, ки минтақаҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк кунанд.
Дар пайи ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки сохтмони роҳ муваққатан қатъ шуда, «то пурра барқарор шудани амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барқарор намешаванд».
Қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ, ки ҷузъе аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, аз қаторкӯҳҳои ноҳияи Дарвоз мегузарад, яке аз душвортарин қитъаҳо дар кишвар маҳсуб ёфта, солҳои тӯлонӣ таъмир нашудаааст.
Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ бо шумули сохтмони ду нақби дарозии умумиашон 5,2 километр масофаи роҳ 16,7 километр кам шавад. Масофаи умумии қитъа пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ аз 109 км то 92,3 км кам мешавад — 53 километр дар қаламрави Дарвоз ва 39,3 км — дар қаламрави Ванҷ.
Лоиҳа аз роҳи автомобилгард ба дарозии 92,34 км, 2 нақб бо дарозии 3,4 км ва 1,8 км, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 490,43 м, 14 пул бо дарозии умумии 617,29 м ва дигар иншооти муҳандисӣ иборат аст.
Вазорат мегӯяд, корҳои нақбканӣ ва бетонкунӣ дар нақбҳои № 1 ва № 2 пурра анҷом ёфта, корҳои насби шабакаҳои коммуникатсионӣ, равшанидиҳӣ, низоми оташхомӯшкунӣ ва сохтмони бинои маркази идоракунӣ идома доранд. Ҳамчунин, аз 14 пул корҳои сохтмонӣ дар 12 адад пурра ба анҷом расида, 2 пули боқимонда дар марҳилаи иҷро мебошанд.
Дар 5 долони зиддитармавӣ корҳои бетонӣ ва арматурбофӣ идома доранд. Мумфаршкунии қабати поёнии роҳ дар масофаи 78 км ва қабати болоии роҳ дар масофаи 44 км ба анҷом расидааст.
Сарчашма: asiaplus.news

»Пас аз анҷом додани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини амнияти кормандони чинӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, кормандони чинӣ ба иншоот баргаштанд ва айни ҳол корҳои боқимонда ҷараён доранд», — гуфтааст вазорат.

Комментарии (0)